Паёми  табрикотии Раиси ноҳия  Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура.

 400 боздид

Муҳтарам кормандони мақомоти прокуратура!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо арзи сипос ва самимияти афзун Шуморо ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти  прокуратура табрику муборакбод намуда,  саломатӣ, саодати умр, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулу пуршараф барору комёбиҳо орзу менамоям.

Мақомоти прокуратура яке аз ниҳоди боэътимоди мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва зуҳуроти номатлуб саҳми босазо дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дошта, иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вогузор гардидааст”.

Прокуратура  ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ фаъолияти худро дар самти ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда, ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азиз нақши босазо дорад.

Изҳори боварӣ намоям, ки кормандони мақомоти прокуратура минбаъд низ бо мақсади таҳким бахшидан ба риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аз таҳти дил ва содиқона ба Ватан хизмат намуда, ҷашнвораҳои бузургу таърихии дар пешистодаро бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол менамоянд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирӯзиҳои рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандам

Идатон муборак бод!!!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.