Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Ашт  Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 505 боздид

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҷашни  бузурги  таърихӣ    ва     муқаддаси

32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил намуда истодаанд.

Зеро истиқлоли давлатӣ неъмати бузург, номуси ватандорӣ ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон буда, туфайли заҳмати шабонарӯзӣ ва кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯзҳо кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста мебошад.

Бо камоли шодмониву сарфарозӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми ноҳия самимона табрику таҳният мегӯям.

Воқеан, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастоварди беназир ба ҳисоб рафта, осмону софу беғубор, сулҳу оромӣ ва зиндагии шоистаро фароҳам овард, ки баҳри пойдории ҳамешагии он бояд кӯшиш ба харҷ диҳем.

Маҳз Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебо дорем.

Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва сарзамини хеш бирасем ва ҳама дар якжоягц дар ободии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму обод заҳмат ба харҷ диҳем.

Моро мебояд ин таърихи гузаштаро аз хотир набароварда, таҷрибаҳои  қаҳрамононро омӯхта, ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш Истиқлол аст, расида, дар оянда ин таҷрибаҳоро сармашқи кору фаъолияти хеш намоем.

Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи аҳли сокинон, соҳибкорону саховатмандони бонангу номус амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуданд.

Дар раванди корҳои ободонӣ-созандагӣ баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 744 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 419 адад иншоот ба маблағи 40 миллину 199 ьазор сомонӣ, бо таъсиси 109 ҷойи корӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар рӯзҳои таҷлили  ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон 7 адад иншоот ба истифода дода шуд, ки ҳамчун туьфаи ҷашнӣ ба мардуми ноҳия арзёбӣ мегардад.

Боварӣ дорам, сокинони ноҳия минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ ба корҳои ободонӣ вусъат бахшида, ноҳияро воқеан ба макони биҳиштосо, зебову пешрафта табдил медиҳанд.

Бо орзуи ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми ноҳияро ба ифтихори ҷашни таърихии Ватани азизамон муборакбод гуфта саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати ҷовидонӣ ва пешрафту ободиро таманно менамоям.

Бигзор, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи сокинон диёри сарсабзи Ашт ба мулки ободу биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон-Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон — Истиқлоли давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад.

32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Тоҷикистон ба пеш, бо Пешвои миллат!!!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.