АШТ: Паради ҳарбӣ ба муносибати 30- юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 5 639 боздид

8 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва сардорони корхонаву такилотҳо дар майдони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Таҷлили ҷашни муқаддас бо гузашти расмии хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.

Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ, бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабинӣ оғоз гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки Парчами давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Оғози тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар Артиши миллӣ, чун оини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ шурӯъ мегардад.

Сипас, ба Раиси ноҳияи Ашт Иззатзода Фирдавс-командири қисми ҳарбии 14356 Б-и Вазорати мудофиа оид ба омодагии паради ҳарбӣ ва гузашти он гузориш дод.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо арзи салом ба ҳайати шахсиро бо ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сипас, номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Давронзода Дилшод ба таваҷҷӯҳи ҳозирин ироа намуд.
Баъд аз анҷоми суханронии Раиси ноҳия Суруди миллӣ садо дод.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқии ноҳия ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ шурӯъ гардид.

Таҳти навои тантанавӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ҳайати дастаҳо вориди майдони баргузории чорабинӣ шуда, аз назди минбари ифтихорӣ бо гузашти низомӣ қадам заданд.

Таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳар як фарди ватандору ватандӯст, хештаншиносу меҳанпараст ва ҷонибдори сулҳу оромӣ ҷашни муқаддас ва фаромушнопазир аст.

Бо гирифтани акси хотиравӣ чорабинӣ анҷом ёфт.
Ҳадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.