Понғоз: Роҳҳои дохилӣ мумфарш карда мешавад

 823 боздид

Бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳою шаҳраки деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ бо маром идома дорад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва соҳибкорони маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз мумфаршкунии роҳҳои дохилии Ҷамоат ҷараён дорад.

Тавре ба Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт Турсунзода Бахтиёр иттилоъ дод, айни ҳол 750 тонна асфалти гарм оварда шуда, беш 7,5 ҳазор метри мураббаъ роҳи дохили Ҷамоат бо сифати хуб мумфарш карда шуда, дар ин кор саҳми соҳибкорони маҳалӣ ва сокинони Ҷамоат назаррас мебошад.

Масъулин мегӯянд, бо қадри имкон боз зиёда аз 15 км роҳи Ҷамоатро таъмир менамоянд.

Инчунин мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳои Судҷа, Хотхона ва Обандоз бо маром идома ёфта, тибқи нақша боз 1,5 ҳазор тонна асфалти гарм оварда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки таъмири ҷории роҳҳои дохили Ҷамоат бо суръат ҷараён дошта, беш аз 4 км дигар роҳи дохилии Ҷамоати Понғоз мумфарш карда мешавад.

Мавриди зикр аст, давоми соли сипаригардида, беш аз 13,7 км таъмири асосӣ ва 121 км роҳҳои ноҳия таъмири ҷорӣ карда шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.