Рушди соҳаи соҳибкорӣ дар ноҳия

 348 боздид

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии ноҳия Муҳсин Дадоматов, раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон Рустамзода Наврӯз ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия бо соҳибкорони маркази ноҳия вохӯрӣ доир гашт.

Муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед дар баромади худ иброз дошт: “Мақсади асосии вохурӣ ин дастгирии давлатии соҳибкорӣ, муҳокимаи монеъаҳое, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ имрӯз ба назар мерасад, доир гардида истодааст. Дастгирии соҳибкорӣ, ки пешравии мамлакат аз онҳо вобастагии калон дорад, дар мадди назари худи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёти кишварамон фаъолияти соҳибкорӣ  мақоми хоса дорад”.

Дар идомаи баромадаш Маҳмудзода Ҷамшед баён намуд: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони ватанию хориҷӣ санаи 14 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуд, барои рушди босуръати кишвар мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодӣ, таъмини ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум, барои қадамҳои устувор гузоштан баҳри пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ якқатор имтиёзҳо пешниҳод намуданд”.

Муовини Раиси ноҳия бо дарназардошти саҳми соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти ноҳия ба соҳибкорон оид ба ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва истеҳсолӣ,  ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатии ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва имконияту захираҳоро равона карда, хоҳиш намуд, ки аз имкониятҳои назарраси имрӯза низ истифода баранд ва лоиҳаҳои худро пешниҳод намоянд.

Инчунин дар бораи ташкили;

-боғҳои интенсивӣ

-коркарди санги хоро

-гармхонаҳо ва сардхонаҳо

-сехи қаннодӣ, яхмос, обҳои ташнашикан, шир ва гӯшт

-ҳавзҳои моҳипарварӣ

-майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои варзишӣ

-коргоҳи рудаҳо (шланг) ва қуттиҳои резинӣ

-сохтмонӣ муассисаҳои томактабии хусусӣ

-биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии замонавӣ

-сехҳои банду басти меваи тар ва хушк

-фермаи паррандапарварӣ

-фермаи моли калони шохдор(зотҳои нав)

-коркарди пӯст

-заводи хишт

-коркард ва истеҳсоли оҳак

-истеҳсоли орд

-нон ва истеҳсоли маҳсулоти нонӣ

-ба кор андохтани корхонаҳои аз кор бозмонда

-ба гардиши  кишоварзӣ  ворид  кардани  заминҳои  беоб  ва берунмонда

-истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (гипсокартон, брусчаткаҳо, профилҳо ва дару тирезаҳои замонавӣ) ба соҳибкорон пешниҳод гардид.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон Рустамзода Наврӯз дар масъалаи  чароғонкунии маркази ноҳия ба соҳибкорони шаҳраки Шайдон муроҷиат намуда зикр дошт: “Маркази ноҳия бояд яке аз шаҳраки намунавӣ бошад. Аз Шумо соҳибкорон хоҳиш менамоям, барои рангубори биноҳо, чароғонкунии гирду атроф, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва гулзору кабудизор кардани ҳудуди иншооти дар ихтиёртон буда ва насби шиору овезаҳо саҳми худро гузоред”.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид омадааст: “Бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад”.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *