Садои ҷавонони Ашт

 111 боздид

Мо ҷавонони  ноҳияи Ашт ҳодиса ва вокуниши рўзҳои охирони Ҷумҳурии исломии Эрон ва сафорати ўро маҳкум намуда, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ба ин монанд зархаридонро дастпарварони ин давлати дўсти худ медонем! То имрўз мо ҷавонони дастпарвари истиқлолият ва зираку ҳушёри ин кишвари ваҳдатосо, Ҷумҳурии Исломии Эронро давлати дӯсту бародари худ медонистем, мардуми ўро ҳамзабон ва ҳамфарҳанги таърихии аҷдодони худ мешуморидем, локин имрўзҳо исбот гардида истодааст, ки хатое беш кардаем! Зеро ҳодисаи охирони  дастгир намудани якчанд зархаридон, хоинон ва ба ном шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асл дастпарварони хориҷиён исбот намуда истодааст, ки бо мақсади коста гардонидани фарҳанги миллии мо, ноором ва ҷангзада намудани кишвари биҳиштосоямон кушиш намудаанд.

Тибқи меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократи эътироф гашта, фаъолияти бисёрҳизбиро иҷозат додааст, аз ҷумлаи фаъолияти собиқ ҲНИТ, локин бори дигар мо ҷавонон ва некбинони кишвар,  мушоҳида намудем, ки собиқ ҲНИТ ва роҳбарону аъзоёнаш, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади нопок, ва иҷрои супоришҳои хоҷагонаш таи чанд соле фаъолият намудааст. Маълумотҳои охирон собит сохт, ки чанд нафаре солҳои 90-уми қарни гузашта дар Эрон таълим гирифта, баъди бозгашт дар Тоҷикистон ба амалҳои тахрибкориву куштори афсарони рус ва шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ ва сиёсӣ даст задаанд.

Чунин зархаридон ва хоинони кишварро мисоли ин гуфтаҳо оварданием. Ба монанди Рустами Норакӣ (Абдуқодир Абдуллоев), Алӣ (ТаҒоймурод Ашрапов) ва Авлиё ё худ Саймўҳриддин Қудратов, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аниқтараш соли 1995 бо супориш ва дастгирии аъзоёни фаъоли собиқ ҲНИТ 200 нафар дар Қум ва Гургони Эрон муддати як сол таълим гирифтаанд. Нафарони дар боло зикргардида, баъд аз дастгир гардиданашон даст доштани худро дар қатли шахсиятҳои маъруф, арбобони илму фарҳангӣ ва сиёсӣ ба мисли Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ ва ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-уми Руссияро эътироф намуда, пайваста такрор карданд, ки ин кушторҳо бо супориши роҳбарони собиқ ҲНИТ, Ҳоҷӣ Ҳалим ва бо дастури Эрон анҷом додаанд. Зарбае, ки ин нохалафон ба миллати тоҷик задаанд ва зараре ба мо ҷавонон, ва махсусан ба илму фарҳанги мо расондаанд, подош нашаванда аст, зеро имрўзҳо ин шахсиятҳо ва олимону муттафакирони тоҷик чикадар саҳми босазои худро ба таълиму тарбияи наслҳои нав ва баҳри ривоҷу равнақи илми тоҷик мерасониданд. Мо ҷавонон ва ояндагони ин миллати аҷдоди ҳеҷгоҳ ин хоинон ва душманони миллати худро намебахшем, фаромуш ва авф нахоҳем кард!

Нафароне, ки дирўз бо обу хоки Тоҷикистон ба воя расиданд ва имрўз туф ба намакдон карда дар хориҷ аз кишвар халалдори сулҳу амнияти мо мекунанд, хоинон ва душманони миллати худ медонем. Ногуфта намонад, ки «бале»-гуёни Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар аз қабили Дадоҷони Атовулло яке аз сабабгорони асосии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон бо изҳороту мавқеъгириҳояшон моро бефарқ гузошта наметавонад.

Мо ҷавонон аз давлатҳои мусалмониву Аврупову Амрико ва ташкилотҳои байналмилалӣ хоҳиш дорем, ки ин намуд хоинони миллати тоҷикро пуштибони накарда, баҳри пойдории сулҳ ва амният дар ҷомеаи ҷаҳони саҳмгузор ва баҳри дастгир намуданашон бефарқ набошанд.

Миллати тоҷик, махсусан мо ҷавонон ва сокинони ноҳияи Ашт, фарзандони қаҳрамони худро ба монанди Шерак, Спитамен, Темурмалик ва даҳҳо родмардони дигарро фаромўш накардаем, ва ҳамеша бо ифтихор ёд меорем. Мо имрўз аз ваҳдату ягонагӣ, истиқлолият фахр мекунем ва намегузорем, ки ба он ҳар нокас осеб расонад.

Мо ҷавонони сарбаланд бо баёни нафрат ба ҳамин гуна шахсиятҳое, ки ҳадафашон тақсим намудани Тоҷикистони воҳид ва ноором сохтани сулҳу суботи кишвар аст, ба ҷавонони ҳушёру бедори миллат муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо ахлоқи намунавӣ ва дониши ҷавобгў ба талаботҳои замон, инчунин донистани ҳадафҳои хиёнаткоронаи бегонагон нагузоранд, ки ба рўҳияи поки Ватан, ки номаш Тоҷикистони азиз аст, газанд расад.

Зинда бош эй ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *