Сафари кории Солеҳзода Ашӯрбой ба ноҳияи Ашт

 1 389 боздид

Ба муносибати дар сатҳи баланд таҷлил кардани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёди варзишгоҳҳову корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар аст.

Барои ошноӣ пайдо кардан аз рафти корҳои сохтмонии варзишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, пойгоҳои обкашӣ, заводи хишту анборҳо барои меваи хушк ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ дар ҷамоатҳои ноҳия боздид ба амал овард.

Тавре ба Хадамоти матбуотии раиси ноҳия иттилоъ доданд,  Солеҳзода Ашӯрбой  аз  Хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Ифтихор, сардхона барои бандубасти меваи хушку тар дар ҷамоати деҳоти Шодоба барои 350 тонна мева, аз сохтмони майдочаи сунъии футбол ва заводи хиштбарории ҷамоати Шодоба,  аз сохтмони майдончаҳои сунъи, синфхонаҳои иловагӣ ва утоқҳо дар беморхонаи деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт, аз мавзеи сохтмонии МТМУ №25 ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷамоати Ашт, аз бунёди насоси обкашӣ барои обёрии 40 га замин дар ҷамоати Ошоба, аз бунёди купрук дар ҷамоати деҳоти Ориён, аз сохтмони беморхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз, аз мавзеи табобатии «Аксикон», аз обёрии 8 ҳазор аҳолии ҷамоати Меҳробод бо оби тозаи нӯшидани, ки тариқи лоиҳа бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бунёд мешавад, боздид ба амал овард.

Солеҳзода Ашӯрбой инчунин аз рафти сохтмони МТМУ №65 дар ҷамоати шаҳраки Шайдон дидан намуда, аз корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Ашт изҳори қаноатмандӣ кард.

Солеҳзода Ашӯрбой барои дар сатҳи баланд иҷро гардидани корҳои сотхмонии иншоотҳои дар боло зикршуда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаву раисони ҷамоатҳо супоришҳои мушаххас дода таъкид дошт, ки баробари бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ноҳияи Ашт боз ҳам зеботару ободтар мегардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.