САҲА чеҳраи аслии террористонро рӯзе хоҳад шинохт ва онҳоро шарманда хоҳад кард!

 466 боздид

Аслан ба конфронсҳои САҲА набояд террористон роҳ ёбанд, зеро раҳгумзада, ифротгаро ва террористу экстримист ҳатто худашро намешиносад. Террористон чизи аз ҳама муҳим барои инсон одамгариву хештаншиносиро гум кардаанд ва онҳоро ҳатто одам шуморидан низ хатост!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз хатарҳои экстримизму терроризм хотирнишон карда, таъкид кардаанд, ки “Террорист Ватан дин, мазҳаб ва миллат” надорад. Вақте Ватан надорӣ зиндагӣ бароят арзиш надорад. Террористон низ аз зумраи ҳамин гуна афрод ҳастанд. Аслан онҳо ба дарки ин ё он чиз сарфаҳм намераванд. Магар инсони солимақл террорист мешавад?
Ҳоло мо медонем, ки дар шаҳри Варшава конфронсии навбатии САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо) доир ба мавзӯи “Ченаки инсон” ҷараён дорад. Ба андешаи мо конфронс як бому ду ҳаво дорад, ки соулҳои баҳсбарангезандаро ба миён меорад. Агар САҲА хостори оромӣ сулҳу субот бошад, пас чаро ба конфронсҳояш террористоне мисли Кабириро роҳ медиҳад? Магар САҲА аз амалҳои пайравони ТТЭ ҲНИ ва гӯреза шудани онҳо аз Тоҷикистон бехабар аст? Террорист ҳуқуқи ташкили ҳеҷ як паймонеро, ки оромиши давлату миллатеро халалдор месозад, надорад!
САҲА низ рӯзе аз хиёнатҳои наҳзатиён ва амалҳои нопоки онҳо хабар хоҳад ёфт, гарчанде, ки онҳо аз минбари САҲА худро бегуноҳ нишон медиҳанд. Ҳеҷ як хиёнаткорӣ нисбат ба Модар-Ватан аз ёдҳо намеравад. Агар САҲА ҳомии ҳуқуқ ва таъмини амнияти воқеӣ бошад, рӯзе наҳзатиёнро барои хиёнат ба ватан аз минбари САҲА низ бо шармандагӣ пеш хоҳад кард!
Саодат ИСМОИЛӢ,
котиби матбуотии Раиси н. Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.