Саҳми сокинон дар мумфаршкунии роҳҳо

 887 боздид

Бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт корҳои ободонӣ бо маром идома дошта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон дар Ҷамоат мумфаршкунии роҳҳои дохилии Ҷамоат ҷараён дорад.

Тавре ба мо Турсунзода Бахтиёр раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз иттилоъ дод, давоми панҷ моҳи охир 13,5 км роҳҳои дохили Ҷамоат бо сифати хуб мумфарш карда шуда, дар ин кор саҳми соҳибкорони маҳалӣ ва сокинони Ҷамоат назаррас мебошад.

Бахтиёр Турсунзода зикр дошт, то имрӯз наздик  3.5 км роҳи маҳаллаи Пушта асфалт кард шуда, 1250 тонна асфалти гарм ба Ҷамоат оварда шудааст.

Инчунин мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳои Шахак ва Бурак ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Дар ин маҳаллаҳо айни ҳол васеъкунии роҳҳо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷамоати деҳоти Понғоз 24 адад иншоотҳои муҳим ба истифода дода мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.