Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт

 1 392 боздид

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо фаъолияти пурсамари ҶДММ «Рахшона» шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки ин ҷамъият солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазиру содиротӣ ва эҳёи заминҳои даҳсолаҳо боз бекорхобида ҷаҳду талоши нек дорад.

Раиси вилоят ба бригадаи моҳипарварии ин ҷамъият омада, аз ҳавзҳои сохташудаистода барои парвариши моҳӣ аз наздик шинос гардид. Ҳавзҳои моҳипарварӣ давоми 5 соли охир аз фаъолият бозмонда буданд ва имсол бо ҳидояти Раиси вилоят парвариши моҳӣ аз сар гирифта шуд.

Сардори бригадаи моҳипарварии ҷамъияти мазкур Юлчӣ Мелибоев изҳор дошт, ки майдони умумии 5 ҳавзи моҳипарварии бунёдшудаистода 45 гектарро дарбар мегирад ва соли равон дар майдони 2,5 гектар парвариши моҳӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин хоҷагӣ асосан парвариши моҳиҳои навъи карп, амури сафед ва пешонағафс ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа ва роҳбарияти ҷамъият дастур дод, ки ба минбаъд ба масъалаи парвариши моҳӣ ва хӯроки он, зиёд намудани теъдод ва навъи моҳӣ, ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа, зебоӣ ва ободии атроф тадбирҳо андешида, дар назди ҳар ҳавзи моҳӣ маълумотномаи мушаххасро насб намоянд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят дастур дод, ки дар заминҳои бекорхобидаи мавзеъ парвариши мурғ ва мурғобӣ ба роҳ монда шуда, як гармхонаи замонавӣ бунёд гардад.

— Бояд то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмааи парвариши моҳӣ, мурғ ва мурғобӣ ва иншооти дигар, аз қабили гармхона мавриди истифода қарор гирифта, истеҳсоли гушти парҳезӣ ба 200 тонна расонида шавад, — таъкид дошт Раиси вилоят.

Мавриди зикр аст, ки аҳол дар ҷамъияи мазкур 440 нафар бо кори доимӣ ва музди баланди меҳнат таъмин гаштаанд. Дар сурати иҷрои ниятҳои нек боз даҳҳо ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Раиси вилоят дар хоҷагии ёрирасони деҳқонии ҶДММ «Рахшона» ба нишони эҳтиром ва саҳмгузорӣ ба меҳнати деҳқонони ризқофар дар майдони пахтазор ҳамроҳи ҳашарчиён пахта чида, пахтаҳои ҷамъоварӣ намудаашро ба хирмани умум рехт, ки боиси рӯҳбаландии чинакчиён – ҳашарчиён аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол ва Бӯстон гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба пешқадамони арсаи меҳнат, чинакчиёни чобукдаст ва собиқадорон, ки дар хона нанишаста, ба мадади марди деҳқон омада буданд, тӯҳфаҳо тақдим дошт.

Ҳангоми суханронии хеш Раиси вилоят аз сиёсати некбинона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки бо Фармони Президенти мамлакат соли 2021 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳо бунёди беш аз 6 ҳазор иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

— Мақсаду мароми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳаёти босаодат, ободии мамлакат ва таҳкими тинҷию суботи комил аст, — изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят дар идомаи суханронии хеш аз вазъи соҳаи кишоварзии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ашт ҳарф зада, пахтаро ашёи хоми муҳим ва ризқу рӯзии мардум унвон кард.

Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят ба гурӯҳи калони чинакчиёну ҳашарчиён ва собиқадорон тӯҳфаҳои арзишманд тақдим дошт.

Сипас, бо иштироки Раиси вилоят ба чиниши мошинии пахта дар ноҳия ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар ин хоҷагӣ ду «киштии кабуд» ба ҷамъварии ҳосили пахта шурӯъ намуданд, ки онҳо дар як баст 7,5 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Боиси зикр аст, ки хоҷагии ёрирасони кишоварзии ҶДММ «Рахшона» дорои майдони 302 гектар пахта, 63 гектар юнучқа ва 2 гектар полезӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.