Шиносоӣ бо мавзеҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия

 1 013 боздид

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, имрӯз, 17 марти соли 2017 аз мавзеҳое, ки моҳи августи соли 2016 бар асари боришоти зиёди борон зарар дида буданд, дидан намуд.

Зимни шиносоӣ аз ҷойҳои зарардида, и.в раиси ноҳия ба масъулин баҳри зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супориш дод. Зариф Мирдадо изҳор дошт, ки баҳри бартараф намудани зарари офатҳои табиӣ корҳои созандагиро бояд ҷоннок намоем.

То ин дам дар ҷамоатҳои Понғоз, Ашт, Панук ва Шайдон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, маҳалҳои осебпазир безарар гардонида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.