Собиқ Раиси ноҳияи Ашт 70 сола шуд

 676 боздид

Санаи 19 декабр, Нарзулло Ваҳобов собиқ Раиси ноҳияи Ашт, яке аз шахсиятҳои барӯманди ноҳия, ба синни 70-солагӣ расид.

Нарзулло Ваҳобов яке аз муттахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ мебошанд, ки фаъолияти меҳнатиро аз сарагрономи хоҷагӣ оғоз намуда, то ба вазифаи Раиси ноҳияи Ашт расидаанд. Дар давраи фаъолияташон ҳамчун Раиси ноҳияи Ашт, дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, хусусан пахта, ғалла ва боғу токпарварӣ, обёрии заминҳои нав, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳиссаи босазл гузоштаанд.  Ӯ ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, таъмири роҳҳои маҳал ва ҷалби мардум ба бунёдкорӣ саҳми назаррас дорад.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, дар 70-солагии Нарзулло Ваҳобов ба хонаи ӯ ташриф оварда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагии ӯ аз наздик шинос гардид. Ба Нарзулло Ваҳобов тӯҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо иқдоми Нарзулло Ваҳобов дар шаҳраки Гулшан коргоҳи нави коркарди пахта ва равған сохта шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.