Субҳи имрӯз бо роҳбарии Сатториён Матлубахон Амонзода Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, як гурӯҳ меҳмонон ва Раисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Нахуст меҳмонон дар бозии финалии футболи хурд байни дастаҳои аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Гимназияи рақами 5 ва МТМУ рақами 43 барои дарёфти Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт иштирок намуда, ба ғолибон ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Сипас аз фаъолияи Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия дар самти ҳунарҳои мардумӣ ва касбомӯзӣ дидан намуда, инчунин ба бинои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз фаъолияти корӣ ва шуъбаҳои он аз наздик шинос шуданд.
Дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Конфронси назариявӣ таҳти унвони “Бақои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар садоқати аъзоёнаш аст” баргузор гардид.
Дар Конфрони назариявӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин, Раисони кумитаи иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят, ҷавонон ва бонувони аъзои ҲХДТ аз манотиқи вилоят, вакилони Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, раисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, собқадорон, фаъолони ҳизб ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ, дар баромади худ гуфт, мову Шумо дар лаҳзаҳое қарор дорем, ки расо 24 сол қабл дар фазои сиёсии кишвари маҳбубамон ҳизби наве дар як марҳилаи ҳассосии таърихии давлатдорӣ ба майдони сиёсат ворид гардид, ки ҳадафаш муттаҳидсозии мардум, барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқ маҳсуб меёфт.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, дар баромади худ иброз дошт, минбаъд моро зарур аст, ки дар оянда боз ҳам хубтару беҳтар меҳнат намуда, баҳри иҷрои дастуру талаботҳои сарвари ҳизбамон бештар ва пурмаҳсултар кору фаъолият намоем. ҲХДТ дар ноҳияи Ашт мавқеъ ва нуфӯзи худро дорад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, зимни баромади худ зикр дошт, ки аъзои ҳизби мо бо рафтору кирдор намунаи ибрат бошад, бинобар ин моро зарур аст, ки ба қабули аъзо пеш аз ҳама на ба шумора балки ба сифат эътибор диҳем. Моро зарур аст, ки сафи ҲХДТ-ро аз ҳисоби ашхоси солимфикру донишманд, дилсӯз нисбат ба ватану миллат афзоиш диҳем.
Ба яқ қатор фаъолон, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Ашт туҳфаи хотиравӣ ва Сипосному Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт тақдим карда шуда, ба 12 нафар шаҳодатномаи аъзои ҲХДТ супорида шуд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ, ки аз тарафи бахши фарҳангӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт омода ва манзури иштирокдорон гардонида шуд, хотимабахши чорабинӣ буд.