Сохтмони ду майдончаи варзишӣ дар Ошоба

 1 035 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 17 марти соли ҷорӣ роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз деҳаи Ошобаи Ҷамоати деҳоти Ошоба, ки дар он ҷо ду майдончаи варзишӣ бунёд мегардад, дидан намуд.

Майдончаҳои варзишии мазкур бо дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси ҷавонону соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.

Тавре  раиси Ҷамоати деҳоти Ошоба иттилоъ дод, ин ду майдончаи варзишӣ барои бозии волейбол буда, ,ба маблағи 7600 (ҳафт ҳазору шашсад) сомонӣ бунёд мегардад. Корҳои ҳамворкунӣ дар ин ду майдончаи варзишӣ аз санаи 12 марти соли равон оғоз гардида, то имрӯз барои корҳои сохтмонии он 7 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Мақсад дорем то Иди Наврӯз ин варзишгоҳро сохта ба истифода диҳем.

Мавриди зикр аст, ки ин ду майдончаи варзишӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ буда, дарозиашон 18 метр ва барашон 9 метрро ташкил медиҳад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.