Иштироки беш аз 8 ҳазор нафар дар машқи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ

 927 боздид

Субҳи имрӯз, 17-уми марти соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон бахшида ба истиқболи таҷлили Наврӯзи байналмиллал ва эълон гардидани Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машқи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ  бо ҷалби зиёда аз 3 ҳазор нафар аз он ҷумла, ҷавонон, наврасон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия доир гардид.

Машқи пагоҳирӯзӣ дар назди театри мусиқӣ драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия ҷараён гирифт, ки дар он наврасон ва ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд.

Марафони велосипедронӣ  ва дави миллӣ дар шоҳроҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон аз назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то даромадгоҳи ноҳия ҷараён гирифт, ки дар он ҷавондухтарон ва ҷавонписарон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия фаъолона ширкат варзиданд.

Баргузории машқи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар саросари кишвар, аз он ҷумла дар ноҳияи мо низ гузаронида шуд, ки барои солими ҷомеа равона карда шудааст.

Тавре Комрон Машарифов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод,  имрӯз дар тамоми Ҷамоатҳои ноҳия низ машқи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор гардид. Дар маҷмӯъ зиёда аз 8 ҳазор нафар сокинони ноҳия дар машқи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ иштирок намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.