Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19
пайваста ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, риояи тавсияномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, огоҳ намудани аҳолӣ аз вазъи эпидемикии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Понғоз муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ бо фаъолони ҷамоат, кормандони марказҳои саломатӣ ва беморхона, масъулин мулоқот анҷом дод.
Раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунзода аввалан ҳозиринро бо вазъи имрӯзаи эпидемикии ҷамоат ошно намуд. Қайд гардид, аз ҷониби масъулони ҷамоат ҷиҳати мубориза бо ин бемории сироятӣ ва ба аҳолӣ фаҳмонидани қавоиди беҳдоштӣ пайваста иқдом зоҳир менамоянд. Гашти хона ба хона, ки маромаш фаҳмонидани паёмади беморӣ ва огоҳ намудан бо тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб аст, ба роҳ монда шудааст.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ дар баромадаш қайд намуд, ки имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар нафар саҳм гузоштан дар мубориза алайҳи паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 мебошад. Зикр гардид, ки аксари беморони бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш бештар аз ҷамоати деҳоти Понғоз ва ҷамоати шаҳраки Шайдон ба қайд гирифта шудаанд. Ин бори дигар ҳушдор медиҳад, фаъолиятро ҷоннок намоем.
Риоя намудани тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб, безарурат ба кӯча набаромадан, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ, истифода аз ниқобҳои худмуҳофизатӣ, пурра риоя намудан ба қоидаҳои беҳдошт, ба тозагӣ риоя кардан—ҳамин аст роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии беморӣ, ки душвор нест. Танҳо аз ҳар нафар масъулият талаб менамояд.
Аз падару модарон хоҳиш карда шуд, насли наврасро бетаваҷҷуҳ нагузоранд. Онҳо набояд баҳудаву беҳуда кӯчагардӣ кунанд ва дар як ҷо ҷамъ оянд. Фарзандонро бо шуғле фаро гирифтан, дар корҳои ҳамарӯзаи хоҷагидорӣ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст: ҳам кор ёд мегиранд, ҳам гузаштани вақтро эҳсос намекунанд ва ҳам аз хонанишинӣ дилгир намешаванд. Маъракаҳои азодорӣ низ бояд тибқи тавсияҳои мутахассисон ҷараён гиранд.
Танҳо дар сурате бар ин вабои аср ғолиб меоем, ки якҷоя, бо масъулияти беш, бо дастгирии ҳамдигар фаъолият намоем.
Аниса Ҷалилӣ бо ёдоварӣ аз қарори Шӯрои уламои кишвар зикр намуд, ки рӯзи ид—24 май ҳар нафар бояд намози идро дар хонадони худ гузорад, ки ин қарор низ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ рӯйи кор омадааст.
Ба соҳибкорону ашхоси хайрхоҳи ҷамоат ҷиҳати дастгирии моддӣ ва ба кормандони соҳаи тиби ҷамоат барои фаъолияти шабонарӯзиашон изҳори сипос карда шуд.
Т.МИСРОБӢ