ТАБРИКИ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо Мирмуҳаммадӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон

 431 боздид

Санаи 1 июн ба унвони Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана 1 июни соли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева тасдиқ гардидааст. Ҳамчунин баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак амал мекунад, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонид ва он яке аз аввалин конвенсияҳост, ки баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Тибқи нуктаҳои он ҳар як шахси аз 18 сола хурд кӯдак маҳсуб меёбад ва поймол накардани ҳуқуқҳои кӯдак барои ҳар нафар ҳатмист.
Воқеан дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷиҳати фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхории ҳамаҷониба, аз ҷиҳати молиявӣ таъмин будани онҳо, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намудан ба таълиму тарбияи кӯдакон тамоми чораҳо андешида шудаанд. Чунки кӯдакон ояндасози ҳар кишвар маҳсуб меёбанд: имрӯз ҳар чӣ қадар таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати онҳо зоҳир гардад, фардо насли калонсолро зиндагии шоиста ва ҳар як миллату кишварро ояндаи дурахшон дар пеш хоҳад буд.
Роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Ашт низ ҷиҳати тарбияи ҳамаҷонибаи насли хурдсол, шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати тарбия гирифтан дар муассисаҳои томактабӣ, дар руҳияи меҳанпарастиву меҳнатдӯстӣ ба воя расонидани онҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо ба кор мебарад.
Имрӯз дар ноҳияи Ашт 14 муассисаҳои томактабӣ (дар маркази ноҳия—4 адад) амал мекунанд, ки аз он 1 адад боғчаи бачагонаи хусусӣ (ҷ.д.Ифтихор) мебошад. Кӯдакистонҳои ноҳия дар оғӯши худ 2 ҳазору 125 нафар кӯдаконро тарбия менамоянд. 103 нафар мураббияҳои хушсалиқа ҷиҳати ба ҷомеа ҳадя намудани насли ояндасози меҳан заҳмат мекашанд.
Боиси зикр аст, ширкати кӯдакон дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии ноҳия хеле назаррас аст. Чорабиниҳоро бидуни ширкати ин гулғунчаҳои умеду орзу, шодиву нишоти ҳар хонадон тасаввур кардан нашояд. Рақсу суруд, таронаву шеърхонии кӯдакон хеле шодибахшу пазируфтанист, чун самимӣ иҷро карда мешаванд. Ин бозгӯи он аст, ки зиндагиву рӯзгор бидуни хандаҳои беғаши тифлон ҳеҷ аст.
Боиси таассуф аст, ки имсол қадамҳои номубораку нохондаи вабои аср кӯдаконро “хонанишин” ва аз таҷлили хурсандибахши идашон маҳрум намуд. Айни замон онҳо дар хона ҳамроҳи волидон ҳастанд. Эътимод дорем, волидони азиз таваҷҷуҳи бештари хешро барои фарзандон равона карда истодаанд, чун дар ин рӯзҳо онҳо боз ҳам бештар ба меҳрубониву ғамхории якояки мо ниёз доранд. Баҳри ҳифзи саломатии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурдан имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи мост. Пас, нагузорем, танҳоиву бетаваҷҷуҳиро эҳсос намоянд ва ё аз бетарафии мо бемор шаванд.
Аммо мо ҳеҷ гоҳ руҳафтода нестем. Аминем, рӯзҳои наздик ин торикиву ноумедиҳои тақдирро сарбаландона паси сар мекунем ва кӯдакони азизи мо боз дари боғчаҳои худро мекӯбанд, аз машғулиятҳои мураббияҳо баҳра мегиранд, ба дидори ҳам мерасанд ва зиндагӣ ба маҷрои пешинаи хеш бармегардад.
Орзу мекунем, самои кишварро ҳамеша хандаҳои беғаши тифлон пур кунад, хонадони якояки мо бо ҳузури хурсандиовари фарзандон нурбор бошад, тифлакони мо ҳамеша солиму бардам бошанд ва билохир насли арзандаву ояндасози Ватани азизамон—Тоҷикистон гарданд!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.