Таҷлили 80 – солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар ноҳия

 383 боздид

 

Тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, санаи 17 майи соли равон, дар муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бо иштироки Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовини Раиси ноҳия оид ба ичтимоиёт, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сарварони якқатор ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ чорабинии адабию фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 80 – солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти ноҳия зимни баромади хеш иброз намуданд: Лоиқ Шералӣ ягона шоирест, ки кӯшидааст тамоми роҳҳо ва василаҳои тасвирро аз тасвири воқеӣ то тасвирҳои орифона ва ошиқона ба кор барад, аз рӯйдодҳои хурду бузург ҳолат ва лаҳзаҳои мухталифро дар қолаби шеъри нав, ғазал, дубайтӣ тарона дарорад.
Шоир бо тамоми тавоноӣ ва ҳунаре, ки дар шеъру шоирӣ дошт, зангӯлаи бедорӣ ва ҳушёрӣ мезад ва мардуми пошхӯрдаи Ватани пора-пораашро ба ваҳдат, ба якпорчагию ягонагӣ, ба инсофу адолат, ба раҳму шафқат нисбат ба якдигар даъват менамуд. Бо ифтихор бояд изҳор намуд, ки Лоиқ мисли пешина аз дӯстдоштатарин шоирони муосири тоҷик ва шеъраш аз пурхонандатарин осори адабӣ ба шумор меравад.


Дар охири чорабинӣ ҷиҳати болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби аҳли фарҳанг ва маҳфили “Ворисони Маъдан” маҳфили адабӣ фарҳангӣ бо усули ширу шакар пешкаш карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.