Таҷлили Иди Наврӯз дар Понғоз

 584 боздид

Санаи 15 марти соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Понғоз тантанаи ҷашни Наврӯзи байналмиллал баргузор гардид.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ, зикр дошт, Ҷашни Наврӯз идомаи мубориза барои рушди фарҳанги миллӣ, ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ, пайвандгари дирӯз, имрӯз ва оянда, нишони бузурги ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб мешавад. Талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки ин мероси маънавӣ — ҷашни Наврӯзи бостонӣ мақоми ҷаҳонӣ гирад. Аз ин хотир, соли 2010 Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар асоси ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии чандин давлатҳои дигар Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмиллалӣ эълон намуд.

-Мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯзи хуҷастапай, албатта боиси сарбаландию ифтихори бузурги мо — мардуми тоҷик аст! Дар соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Пешвои миллат Нишони Наврӯз барои соли 2018 таҳия ва тасдиқ гардид. Дар Нишони Наврӯз кураи замин, тиру камон, рамзи баҳор, парасту, сабза, Парчами Тоҷикистон ва Наврӯз -2018 бо забони тоҷикӣ ва англисӣ таҷассум ёфтаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Понғоз зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ намоиши ҳунарҳои марудмӣ, аз қабили кандакорӣ, сабадбофӣ, гӯлдӯзӣ ва кашидадӯзӣ баргузор гардида, сокинон аз он дидан намуданд. Сокинони ҷамоат бо ҳафтсину ҳафтшин дастархони идона ороста, занону духтарон сари деги суманак дар васфи баҳор ва Наврӯз шеъру сурдхонӣ карданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ тақдими сокинон гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз санаи 15 то 19 март дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахшида ба Иди Наврӯзи фархундапай чорабиниҳои идона баргузор мегардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *