Таҷлили Иди Наврӯзи байналмиллал дар ноҳияи Ашт

 1 153 боздид

Субҳи имрӯз, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ба 9 нафар собиқадорони меҳнат, ки барои рушди соҳаҳои гуногун дар ноҳия саҳм гузоштаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулии яквақтаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Баъдан дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт,  Наврӯзи Аҷам таҷлил карда шуд, ки дар тантанаҳои  наврӯзӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, иштирок намуданд.

Ашӯрбой Солеҳзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, ҷашни Наврӯзро ба тамоми сокинони ноҳия таҳният гуфт. Дар баромади худ иброз дошт, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳорию иваз шудани сол фаро мерасад ва бо фарорасии он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунадва дар руҳу ҷони одамон гардише падид меояд.

Ҳакимзода Ҳаким Карим сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонид.

— Наврӯзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳия дар баромади худ қайд кард, ки мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз тамоми мардумро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ — пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

Сипас ба як якчанд ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия барои иштирок ва ғолиб омадан дар озмунҳои наврӯзӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, туҳфаи хотиравӣ  ва ба 45 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия, стипендияи Раиси ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.

Дар охир барномаи фарҳангии Наврӯзӣ тақдими меҳмонон ва сокинони ноҳия гардонида шуд. Инчунин дар таҷлили Иди Наврӯзи байналмиллал ҳофизаи ҷавон ва боистеъдод Дилноза Каримова, бо сурудҳои дилнишини худ таъби сокинони ноҳияро болида гардонид.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.