Таҷлили Рузи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат!

 1 240 боздид

Бегоҳии санаи 24 майи соли равон, дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва доираи васеи ҷавонон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил карда шуд, ки дар он зиёда 7 (ҳафт) ҳазор нафар ҷавонону сокинони ноҳия ҷамъ омаданд.
Нахуст, аз назди шуъбаи маорифи ноҳия то варзишгоҳи марказӣ раҳпаймоии зиёда 1500 (ҳазору панҷсад) нафар ҷавонон, варзишгарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону кӯдакон баргузор гардид.
Дар раҳпаймоӣ ҷавонон дар даст шиору овезаҳои гуногун гирифта, шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии меҳан карданд. Онҳо якдилона иброз доштанд, ки пайравони Пешвои миллат ҳастанд ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро сармашқи кори худ медонанд.
Баъд аз анҷоми раҳпаймоӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия Раиси ноҳия ба сухан баромада, ҷавононро ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қарор доранд.
Дар соли таърихии ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям.
Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд.Ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.
Вобаста ба ин дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки:
“Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ — ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”
Баъдан аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба 50 (панҷоҳ) нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ стипендияи Раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Дар фарҷом бо иштироки васеи аҳли фарҳанги ноҳия ва ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ — фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуда, ҷавонон дар фазои орому осуда хурсандӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.