Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии ҷумҳуриявӣ бо қишрҳои гуногуни ноҳия

 389 боздид

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли равон, санаи 25 майи соли ҷорӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ бо вакилон, фаъолон, омӯзгорон, ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногуни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шодоба, Меҳробод, Шайдон ва Понғоз баргузор гардид.
Дар вохӯрии муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, Абдулло Раҳнамо – шоир, мудири бахши иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мирзоиён Маҳмуд – сармутахассиси рӯзномаи Ҷумҳурият, Шоев Абдулмаҷид – мутахассиси шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Мухторов Киромиддин – мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.
Намояндагони гурӯҳи таблиғотӣ оид ба арзишҳо ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ, саҳмгузории сокинон дар корҳои ободониву созандагии кишвар, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон ва баҳри пешгирии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин сазовор таҷлил намудани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо намуданд.
Аз тарафи омӯзгорон ва адибони ҷавони ноҳия миннатдорӣ ва шеърҳо қироат карда шуд.
Дар охир муовини Раиси ноҳия арзи сипоси иштирокдорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба самъи меҳмонон барои баргузории чунин вохӯрии судманд расонида, қайд кард, ки мардуми шарафманди ноҳия ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.