Таҷлили Рӯзи кормандони Раёсати молия дар Ашт

 813 боздид

Имрӯз 7 декабр дар Раёсати молия, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Маҳмудзода Ҷамшед ва сардори Раёсати молия дар ноҳия Зариф Ҳомидов, кормандон ва собиқадорони ин соҳаро ба Рӯзи касбии кормандони Раёсати молия табрик гуфтанд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт зимни баромади худ гуфт, пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти штатию молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён ба ҳисоб меравад.
Дар охир Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, як қатор кормандони фаъоли Раёсати молияро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.