ТИРАМОҲИ СОЛИ 2020 МАЪРАКАИ БАРӮЙИХАТГИРИИ АҲОЛӢ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД (Барӯйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил—2020)

 587 боздид

Санаи 12 октябри соли 2015 таҳти рақами 572 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” рӯйи кор омадааст. Ҳамчунин Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2016, №511 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйихагирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” ва Қарори Ҳукумати ҶТ аз 7 сентябри соли 2017, №424 “Дар бораи масъалаҳои комиссияи мусоидати барӯйихатгирии аҳолӣ” ба тасвиб расиданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои фармон ва қарорҳои болозикр 17 октябри соли 2017 қарори Раиси ноҳияи Ашт таҳти рақами 67 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйихатгирии аҳолии ноҳияи Ашт дар соли 2020” ба тасвиб расидааст.
То ин замон дар ин самт дар ноҳияи Ашт чӣ корҳо ба сомон расидаанд? Ба суоли мо сардори Раёсати ОМОР-и ноҳияи Ашт Фурқат Иброҳимзода посух дод. Инак, мухтасари посухро пешниҳод менамоем:
—Тафтиши пурраи баҳисобгирии ҷории аҳолӣ аз рӯйи дафтарҳои хоҷагии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, тафтиши амиқи баҳисобгирии ҷории аҳолие, ки дар маҳалҳои шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин тартиб додани рӯйихати деҳаҳо анҷом дода шудааст. Дар барӯйихатгириҳои қаблӣ вақти рафти корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар сатҳи ноҳия фақат шаҳрак рақамгузорӣ карда мешуд. Айни замон, яъне соли равон ҳамаи деҳаҳо ва шаҳраки ноҳия ба тартиб даровардаву ба пуррагӣ рақамгузорӣ карда шудааст.
Нақшаи схематикии шаҳраки Шайдон ва харитаи ноҳия аз ҷониби корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия омода гардида, бо Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи ҶТ мувофиқа карда шудааст.
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2019, №1356 барӯйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ аз санаи 1 то 15-уми октябри соли 2020 гузаронида мешавад. Дар доираи корҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳим дар ноҳияи Ашт аз санаи 5 то 20 апрели соли 2020 тартиб додани рӯйихати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо (квартираҳо) дар биноҳои бисёрҳуҷрадор) аз тарафи кормандони ҷалб кардашуда гузаронида шуд.
Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи болозикр рӯйихати 43 нафар кормандони таҷрибадор аз ҳисоби омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои дигар тасдиқ шудааст. Бо масъулони интихобшуда моҳи апрели соли равон семинари омӯзишӣ доир карда шуд. Аз ҷониби сардори Раёсати омори ноҳияи Ашт Фурқат Иброҳимзода моҳият, аҳамият ва ҳадафҳои доир намудани маъракаи мазкур фаҳмонида шуд. Таъкид шуд, ки ин маърака бори аввал тибқи дастурамал ва барномаи махсус тавассути планшетҳо гузаронида мешавад, ки ин барои таъмини сифатнокии кор мусоидат хоҳад кард. Бақайдгирандагон бо дастурамал, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгиранда, планшет ва дар шаҳраки Шайдон бо нақшаи схематикӣ таъмин карда шудаанд.
Эътимод дорем, баробари масъулон, сокинони ноҳия низ ҷиҳати дар сатҳи баланд, бидуни монеа доир гардидани маъракаи барӯйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил—2020 бетарафӣ зоҳир накарда, ширкати фаъолона менамоянд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.