Вокуниш

 63 боздид

Мутаассифона, ҳодисаҳои мудҳише, ки аз ҷониби гурезаву боқимондаҳои гурӯҳҳои террористӣ чанд рӯз пеш дар ҳудуди кишварамон рух дод, бори дигар исбот сохт, ки ҷаҳони имрӯз пур аз зиддиятҳо буда, густариши паҳншавии эстремизму терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ба як муаммои бузурги ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.

Бинобар ин тамоми мардуми кишварро зарур аст, ки ба масъалаи зиркаӣ ва ҳушёрии сиёсӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, тавассути корҳои фаҳмондадиҳии судманд сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва бахусус, Пешвои муаззами миллатро ташвиқоту тарғибот кунем, иқдому ташаббусҳои накӯи  роҳбарияти давлатро ҳамаҷониба дастгириву ҷонибдорӣ намоем ва мардумро ба созандагиву ободкориҳо ҳидояту раҳнамоӣ кунем.

Мо сокинони ноҳияи Ашт хиёнати хоинони миллатро маҳкум намуда, даъват ба амал меоварем, ки бар зидди ин гуна ашхоси ғаразандеш мубориза мебарем. Намегузорем, ки нохалафе сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созад!

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.