Аҳмадов Баҳриддин коркуни хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон 85 сола шуд.

 714 боздид

Аҳмадов Баҳриддин шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд 20 майи соли равон ба синни 85-солагӣ расид.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар таҷлили 85 солагии Баҳриддин Аҳмадов ба хонаи истиқоматиаш ташриф оварда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагиаш аз наздик ошно гардид. Инчунин Роҳбари МИҲД-и ноҳия ба Баҳриддин Аҳмадов тӯҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Баҳриддин Аҳмадов пас аз хатми мактаби миёна соли 1975 ба шуъбаи таърихии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намудааст.

Б.Аҳмадов дар вазифаҳои муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №4 ба номи Маъдан (собиқ Калинин аз соли 1957 то соли 1962),  инструктори шуъбаи идеологии комитети партиявии ноҳия (аз соли 1962 то соли 1964), котиби озоди ташкилоти ибтидоии партиявии совхози ба номи Туйчӣ Эрйигитов (аз соли 1964 то соли 1968), ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии ноҳия (аз соли 1968 то соли 1971), котиб ва мудири корҳои КИ СДХ-и вилояти Суғд (собиқ Ленинобод аз соли 1971 то соли 1993) фаъолият кардааст.

Барои хизмати шоёнаш Баҳриддин Аҳмадов бо ду ордени “Нишони фахрӣ”, 3 медал, Грамотаҳои  фахрии Президиуми Совети Олӣ ва КМ ПК Тоҷикистон, унвони фахрии “Коркуни хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон” (соли 1993) мукорфотонида шудааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 дар ҷамъомади тантанавии 60 солагии ташкили вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод (ҳозира Суғд) иштирок карда, ба Баҳриддин Аҳмадов ордени “Дӯстӣ” месупорад.

Б.Аҳмадов соли 1993 дорандаи унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд гардидааст.

Баҳриддин Аҳмадов зодаи Ҷамоати деҳоти Понғоз, оиладор соҳиби 6 нафар фарзанд 3писар ва 3духтар буда, ҳаммашон маълумоти олӣ доранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.