Алимбой Сафаров Устоди пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 85-сола шуд

 973 боздид

Алимбой Сафаров Устоди пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи 2 – “Ордени байрақи сурхи меҳнат” ва медали ҷашни 100-солагии ба номи В.И.Ленин ба синни 85-солагӣ расид.

А.Сафаров таҷрибаи 56-солаи кишоварзӣ дорад. Дар солҳои фаъолияташ ҳосилнокии пахтаро ба 56 сентнер расонида, аз заминҳои навбунёди хоҷагии деҳқонии ба номи  Калинини ноҳия то 1117 тонна пахта истеҳсол намудааст. Ӯ ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, таъмири роҳҳои маҳал ва ҷалби мардум ба бунёдкорӣ саҳми назаррас дорад.

Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия дар таҷлили ҷашни 85-солагии Алимбой Сафаров ба хонаи ӯ ташриф оварда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагии ӯ аз наздик шинос гардид. Ба Алимбой Сафаров тӯҳфаи хотиравӣ, маводи яквақтаинаи ғизоӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Алимбой Сафаров зодаи деҳаи Хӯҷамбердиеви ҷамоати деҳоти Ошоба буда, соҳиби 7 фарзанд мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.