АШТ: ДАВИ НАВРӮЗӢ БАРГУЗОР ШУД

 615 боздид

Барои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай, ки як аз арзишмандтарин иди миллии мост, рӯзҳои башумор мондаанд. Агар гӯем, ки сокинони кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ашт аллакай бо доир намудани чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, ободкориву созандагӣ омадани Наврӯзро пешвоз гирифта истодаанд, хато нахоҳад шуд.

Бо ширкати васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия имрӯз дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагон аз даромади шаҳраки Шайдон то назди бинои МИҲД-и ноҳия давиданд. Ҳар нафар мехост яке аз аввалинҳо шуда ба хатти марра расад.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аҳли дӯстдорони варзишро бо омад-омади Наврӯзи хушпайк таҳният намуд. Қайд карда шуд, пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим барои ҳар нафар ҳам муҳим ва ҳам манфиатбахш аст. Бо варзиш шуғл намудан баробари солимӣ ва қавигии рӯҳ, ҳамчунин баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.