АШТ: Машварати кории Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо масъулини нозироти андоз ва комиссариати ҳарбии ноҳия.

 218 боздид

Субҳи имрӯз 15 – уми феврали соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия машварати корӣ бо масъулини нозироти андоз ва комиссариати ҳарбии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони нозироти андоз, комиссариати ҳарбӣ, раёсати молия, раис, мутахассиси бақайдгирии мизи ҳарбӣ, мутахассиси пешбар оид ба андози ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар сохторҳои марбута ширкат варзиданд.
Роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пурраву барзиёд иҷро намудани нақшаи андоз, дарёфт намудани манбаҳои иловагии андоз ва пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.