АШТ: Қадрдонии пешқадамон дар ғунучини Пахта

 270 боздид

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ноҳия Мирдадо Зариф санаи 27 октябри соли 2021, дар хоҷагиҳои пахтакори “Суҷҷа” – и ҷамоати деҳоти Понғоз ва ҶДММ “Рахшона” – и ҷамоати деҳоти Ифтихор ба зиёда аз 25 нафар ҳашарчиён ва чинакчиёни беҳтарини ташкилоту идораҳои маркази ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулиро мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия Каримӣ Ҳасанбой, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Мамадҷонов Зафар Тошматович, раиси иттифоқи касабаи хизматчиёни давлатии ноҳия Махкамова Шарифа, сардори хоҷагии пахтакори “Суҷҷа” Муфтоев Фаррух супориданд.
Ҳашарчиён аз маркази ноҳия то ба имрӯз ба хирмани Ватан зиёда аз 300 тонна дури гаронбаҳо ҳамроҳ намуда, ваъда намуданд, ки то пағаи охирини тиллои сафед дар паҳлӯи марди деҳқон истода пахтаи боқимондаро чида ба хирмани ноҳия месупоранд.
Инчунин ҳашарчиён ба роҳбарияти бобати таваҷҷӯҳи хосса ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.