АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУНУК САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОД.

 672 боздид

Нимаи дуюми руз 27.05.23 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободониву созандагӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба Ҷамоати деҳоти Пунук сафари корӣ анҷом дод.

Дар сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти номбурда, ки дурдастарин Ҷамоат дар ноҳия маҳсуб меёбад, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода аз рафти корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди «Навбунёд-Пунук» дар соли 2023 шинос шуда, бо мардум мулоқоти сарироҳӣ анҷом дод.

Дар баромад сарвари ноҳия ба шахсони саховатпеша ва сокинони меҳнатқарин барои идомаи иқдоми роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуд.

Маврид ба зикр аст, ки мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Пунук дар соли 2023 аз аввалинҳо шуда, таъмири роҳро бо асфалти гарм тариқи ҳашар оғоз намуданд ва кор дар ин самт дар дигар ҷамоатҳои ноҳия рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Ба роҳбари ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз аз ҷониби шахсони саховатпеша ва мардуми меҳнатқарини Ҷамоат барои таъмири роҳ 125 ҳазор сомонӣ маблағ ба таври ихтиёрӣ ҷамъоварӣ гардидааст ва ин раванд идома дорад.

То ин дам 5 мошин асфалти гарм бо маблағи 125 ҳазор сомонӣ харидори гардида, 20 клометр роҳ аз самти деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Ашт то маркази маъмурии Ҷамоат аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, кор дар ин самт бо шиддат ҷараён дорад.

Бояд гуфт, ки ҳамрӯза барои таъмир ба ҳашар 60-70 нафар сокинон иштирок мекунанд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни муроҷиат ба сокинон гуфт:

“Мардуми шарафманди ноҳия, аз ҷумла сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук барои обод намудани диёри хеш зери сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат дар ҳама маврид талош менамоянд.

Моро зарур аст, ки ба Пешвои муаззами худ содиқ буда, аз таҳти дил ин сарзаминро ободу зебо созем».

Дар ин радиф бояд ишора намуд, ки таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд низ аллакай оғоз гардида, дар фурсати кутоҳтарин пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

Дар идомаи ташриф ба ҳудуди Ҷамоат Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҳолӣ ҷавони имконияташ маҳдуд Ғаниева Зарина соли таваллудаш 10 июня 1999, сокини деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Пунук хабар гирифт ва аз номи Пешвои миллат аробачаи маъюбӣ тақдим намуд.

Зимни сӯҳбати кушоду самимӣ иброз дошт:

«Шахсони имконияташон маҳдуд бевосита зери назорати Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Давлату ҳукумат ҳамеша онҳоро ғамхорӣ ва барои фароҳам овардани шароити мусоид тамоми тадбирҳоро меандешад.»

Дар фарҷом Ғаниева Зарина барои меҳрубонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.