Фотима Мирзоқуловаи 124-сола – шоҳиди се аср ва се давраи таърихӣ (ВИДЕО)

 2 838 боздид

Дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Мирзоқулова Фотима ном зане ба сар мебарад, ки 124 сол дорад ва шоҳиди айнии се асру се давраи таърихӣ  — Русияи подшоҳӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва  инак, Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Қобилова Роҳатой — духтари 78-солаи Мирзоқулова Фотима мегӯяд, модараш 13-уми марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамон, собиқ Булоқи ноҳияи Ашт ба дунё омада, бо сокини деҳаи Даҳана  оиладор мешавад ва минбаъд дар ҳамин деҳа зиндагияшро идома медиҳад.

Мирзоқулова Фотима сокини 124-солаи ноҳияи Ашт шояд пиронсолтарин шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Бо вуҷуди солхӯрда буданаш очаи Фотима худ роҳ гашта метавонад ва аз саломатияш низ шикояте надорад. Ӯ давраҳои ҷавонияшро ба ёд оварда мегӯяд, ки дар канали Фарғона кору фаъолият кардааст.

Очаи Фотима ҳатто ҳамдеҳаи қаҳрамонаш Туйчӣ Эрйигитовро низ ба хубӣ дар ёд дорад. Тӯйчӣ Эрйигитов, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кушта шуд, барои корнамоиҳояш сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудааст.

Вақте аз дӯстони давраи кӯдакияш пурсидем, очаи Фотима гуфт, ки ҳамаи онҳо барвақт аз олам чашм пӯшиданд. Ин пири барнодил ба чунин синну сол расиданашро аз зиндагии хуби худаш ва  фарзандону наберагонаш медонад.

Очаи Фотима дар хонаи духтари дуюмаш Қобилова Роҳатой зиндагӣ дорад. Набераву абераҳояш мегӯянд, зуд-зуд ба хабаргирии модаркалонашон меоянд, зеро ба синну соли модаркалон расидан орзуи ҳамаи онҳо мебошад.

Қобилов Муҳаммад — набераи 37-солаи очаи Фотима, ки дар деҳаи Даҳана ба соҳибкорӣ машғул мебошад гуфт, ки модаркалонаш соҳиби 8 фарзанд аст.

«Танҳо се фарзанди калонии модаркалонам, духтари калонии ӯ Ойсулу  90 сол, писараш Рузибой 86 сол ва фарзанди сеюмаш, яъне модари ман Роҳатой 78 сол доранд. Модаркалонам соҳиби 56 набера ва зиёда аз 180 абера мебошанд. Чабера низ доранд, аммо шумораи онҳоро дақиқ намедонам,» — бо табассум илова намуд Қобилов Муҳаммад.

Қобилова Роҳатой мегӯяд, модараш хуб хоб меравад ва роҳ гаштану хӯрок хурданаш низ хеле хуб аст. Ӯ бо ханда нақл кард,  ки «боре бемор шудам ва модар гӯён садо кардам, модарам чунон хоб рафта буд, ки садои маро нашунид. Ӯ хоби хуб меравад, ман бошам, баракс.»

Очаи Фотима шукрона аз осудагии диёр мекунад ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон таманно дорад, ки ҳар яки онҳо ба сину соли ӯ расанд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 80 нафари синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекунанд. 50 нафари ин дарозумрон занон ва танҳо 30 нафарашон мардон будаанд.

Вале дар Тоҷикистон башумур шаҳрвандоне зиндагӣ доранд, ки беш аз 120 сол дошта, шоҳиди се аср бошанд. Яке аз онҳо ҳамин қаҳрамони мо Мирзоқулова Фотима мебошад, ки Худо умрашро боз ҳам дароз кунад, 13-уми марти соли 2018 ба синни 125 мерасад.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.