Соли 2017. Соли таъмири роҳ дар Ашт

 1 119 боздид

Соли 2017 барои мардуми ноҳияи Ашт соли хотирмон хоҳад буд, зеро дар ин сол таъмири роҳи ноҳия оғоз гардида, ин иқдоми  пешгирифтаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар солҳои минбаъда низ идома меёбад.

Мушкилоти роҳи дохили ноҳия низ оҳиста-оҳиста бартараф мегардад.  Бо зиёда аз 9 миллион сомонӣ маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурӣ мумфаршкунии зиёда аз 20 километр роҳи дохили ноҳияро ба нақша гирифтем ва ҳоло бошад зиёда аз 10 километр роҳ пурра мумфарш гардид. Дар баробари ин таъмири ҷории роҳҳоро низ дар ҷамоатҳои ноҳия амалӣ намудаистодаем,-мегӯяд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ноҳияи Ашт.

Роҳбарияти ноҳия илова намуд, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барои некуаҳволии сокинони ноҳия равона карда шудааст. Масъалаи таъмири роҳ дар ноҳия яке аз иқдомҳои мо маҳсуб мешавад. Бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурӣ мо таъмири роҳро оғоз кардем ва ҳоло бошад ҳолати роҳ дар ҷамоати деҳоти Понғоз хеле хуб арзёбӣ мешавад.

Тавре иттилоъ дода будем бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саховатмандону соҳибкорони ноҳия дар 9 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияи Ашт мумфаршкунии аз 1 то 3 километр роҳҳои маркази ҷамоатҳо оғоз гардида буд.  Ин амал дар ҷамоати деҳоти Понғоз пурра амалӣ гардида, 3 километр роҳ мумфарш гардид. Айни замон мумфаршкунии пурраи 3,5 километр роҳи маркази ноҳия, ҷамоати шаҳраки Шайдон оғоз гардид. Асфалткунии роҳи маркази ноҳия бо сифати хуб идома дошта, корҳои сохтмонии он рӯзҳои наздик ба поён мерасад.

Таъмири роҳ дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи низ дар назар дошта шудааст.

Хотирасон менамоем, ки бо маблағгузории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳи Ашт-Хуҷанд низ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.