Оғози бунёди боғи интенсивии гелос дар ноҳияи Ашт

 232 боздид

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ дар ноҳияи Ашт 20 гектар боғи гелос ташкил карда мешавад. Дар ин бора зимни боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт иттилоъ дода шуд.
Аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зайнулобиддин Мақсудов бо мақсади бунёди боғи интенсивии гелос аз Федератсияи Россия 15 ҳазор бех ниҳоли гелос ворид гардида, дар заминҳои бекорхобида боғи гелос бунёд хоҳад шуд.
Бо иқдоми ин соҳибкор ҳамзамон боғи себ ва фермаи чорвопарварӣ низ ташкил шуда, барои обёрии боғҳои навбунёд чоҳҳои амудӣ кофта мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои татбиқи пурраи тарҳ тавсияҳо дод.
Сипас, Раиси вилоят ба хоҷагии деҳқонии «Ифтихор» омада, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Аъзои ин хоҷагии деҳқонӣ тасмим гирифтаанд, ки дар 7 гектар боғҳои нав бунёд намоянд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ ниҳолҳои бодому гелос шинонида шуда, кори боғпарварон ҷиҳати бунёди боғ идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.