РАИСИ НОҲИЯ БА СОҲИБКОРОНИ БО НАНГУ НОМУС ТАКЯ КАРД ВА БАРОИ АЗ ТАЪМИРИ ХУШСИФАТ БАРОВАРДАНИ РОҲИ ХУҶАНД -АШТ 1 МИЛОНУ 661 ҲАЗОР СОМОНӢ МАБЛАҒИ ИНТИЗОРӢ ҶАМЪ ШУД.

 332 боздид
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси вакилони Маҷлиси намояндагон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр намудаанд:
“Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад”.( 21 декабри 2021, шаҳри Душанбе)
Бо назардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иқдоми тоза дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба соҳибкорони меҳанпараст ва бо нангу номуси ноҳия вобаста ба саҳмгузорӣ ба таъмири ҷории роҳи автомабилгарди Хуҷанд-Ашт муроҷиат намуд. Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки азнавсозии роҳи Хуҷанд-Ашт таҳти назорати бевоситаи роҳбари давлат қарор дорад ва тибқи муҳлати муқараркарда сохта хоҳад шуд. Мардуми шарифи ноҳия ба ин ғамхории Пешвои миллат бетарафӣ зоҳир накарда, барои ободии диёр бо амри виҷдон саҳмгузор бошем. Роҳбари ноҳия зимни баромадаш илова намуд: “Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ташаббус ва кушишҳои якҷояи мову шумо, шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд мегардад. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии диёр назаррас мебошад. Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки барои таъмир намудани роҳи Хуҷанд-Ашт соҳибкорону саховатмандони бо нангу номуси ноҳия бетарафӣ зоҳир намекунанд”.
Соҳибкорон, Иссоқов Муҳиддин, Холматов Фируз, Музаффаров Баҳодур, Абдураҳимов Алишер, Мирзоев Шерзод, Ашуров Ҷамшед, ки барои амалисозии иқдомҳои неку хайрхоҳона дар ободу зебо гардонидани диёр, бо ҳиссаи ватандӯстиву ҳимматбаландӣ, гузоштани саҳми назаррас дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, дар худи толор Раиси ноҳия ташаббус намуда, даъват ба амал овард, ки соҳибкорон барои таъмири ҷорӣ бо асфалти гарм намудани роҳи автомабилгарди Хуҷанд-Ашт саҳм гузор бошанд.
Соҳибкорон пешниҳоди роҳбари ноҳияро хуб пазируфта ҳимматбалдии худро нишон доданд ва иброз доштанд, ки ин намунаи ибрат бошад. 72 нафар соҳибкорон ташаббус намуданд ва дар умум 1 милиону 661 ҳазор сомонӣ маблағи интизорӣ ҷамъ шуд. Номи соҳибкорон ва маблағи интизории пешниҳодшударо дар хабарҳои минбаъда дар сомонаи расмӣ нашр мекунем.
Раиси ноҳия барои пайваста дар паҳлӯи ҳукумат буданашон ба соҳибкорони ватанпарвар исҳори сипос намуд ва сӯҳбати самимии роҳбарияти ноҳия сари як пиёла чой дар Маҷмааи “30-солагии Истиқлол” сӯҳбат идома ёфт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.