Сохтмони пул ва толори варзишӣ дар деҳаи Ғудос идома дорад

 584 боздид
Субҳи имрӯз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз рафти сохтмони пул ва толори варзишӣ дар деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба боздид намуданд.
Сохтмони пул аз ҷониби сокини деҳаи Ғудос, собиқадори меҳнат Саидалиева Ҳумминисо аз ҳисоби маблағҳои барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ намудааш сохта шуда истодааст.
Сохтмони толори варзишӣ аз ҷониби бародарони соҳибкор Манучеҳр ва Достон Дадобоевҳо ба маблағи зиёда аз 276 (дусаду ҳафтоду шаш) ҳазор сомонӣ сохта шуда истодааст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода мешавад.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба рафти сохтмони ин иншоотҳои ҷашнӣ ба масъулин дастуру супоришҳои муфид дода шуд.
Дар рафти боздиди иншоотҳо ба сокиноне, ки дар ин майдон ҷамъ гардида буданд, оид ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риояи либоси миллӣ, пешгирии бемории сироятӣ “Коронавирус”, риояи ҳатмии ҳолатҳои санитарӣ-гигиенӣ аз ҷумла, доштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ суҳбат аз тарафи роҳбарияти ноҳия баргузор карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.