Тағироти кадри дар ҷамоати Понғоз

 2 146 боздид

2-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар сохтори худидоракунии ҷамоати деҳоти Понғоз тағироти кадрӣ ба амал омад.

Саидов Ғолибҷон Майнусович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Понғоз озод ва бо пешниҳоди Зариф Мирдадо ва Қарори маҷлиси вакилони ҷамоат Турсунов Бахтиёр Абдусамадович раиси ҷамоати деҳоти Понғоз таъин гардид.

Турсунов Бахтиёр Абдусамадович то раиси ҷамоати деҳоти Понғоз таъин гардиданаш аз соли 2015 инҷониб дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Пулот Ниёзӣ фаъолият дошт. Турсунов Бахтиёр 1973 дар ҷамоати Понғоз ба дунё омадааст. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.  Миллаташ  тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.

Зариф Мирдадо ба кадри навтаъин дар фаъолияте, ки масъулияти зиёдро талаб мекунад комёбӣ таманно намуда, таъкид дошт, ки содиқона адои вазифа намояд.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.