Тақдими туҳфаи Пешвои муаззами миллат китоби «Тоҷикон» -и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳия

 47 боздид

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» то 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат ҳамчун тӯҳфа, ройгон тақсим карда мешавад.
Дар ин замина, субҳи имрӯз санаи 17 июли соли равон тақсимоти тӯҳфаи Пешвои муаззами миллат ба ҳар як оилаи ноҳияи Ашт низ оғоз гардид.
Туҳфаҳоро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Даврон инчунин сардори Раёсати идоракунии буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Азиз, сардори Раёсати коркарди маълумотҳои МД МКҲ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидов Зикриё, сармутахассиси ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муҳаммад, сармутахассиси Раёсаии хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабиров Хайрулло ва мутахассиси пешбари Раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдуразоқ ба мардуми сарбаланди ноҳия супориданд.
Ҳайати меҳмононро муовини Раиси ноҳия оид ба масьалаҳои иҷтимоӣ — фарҳангӣ Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода ҳамроҳӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.