15-рӯзи мадҳушӣ, табобат дар госпитал ва хотираҳои Исматулло Азимов

 1 583 боздид

Аз ҷанги хунини бераҳмона, ки дар таърих Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном мебаранд, ҳарчанд 74-сол сипарӣ гашта бошад ҳам, ҳанӯз даҳшатҳои он дар хотираи мардум нақш бастааст. Аз фиристодагони Тоҷикистон ба ҶБВ то имрӯз шахсони ангуштшумор боқӣ мондаанд. Аз ноҳияи Ашт барои иштирок ва ҳимояи марзу буми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 84-нафар фиристода шуд ва чандин нафари онҳо дар набардҳо бе ному нишон гаштаву аз дунё даргузаштаанд. Имрӯз ҳамагӣ 11-нафар қаҳрамонони ҶБВ дар ноҳияи Ашт зиндагӣ доранд.
Яке аз онҳо Исматулло Азимов аст, ки соли 1925 дар ҷамоати деҳоти Понғоз ба дунё омадааст. Ҳоло бошад ба синни мубораки 95-солагӣ расида, канори фарзандону наберагон ва аберагонаш давлати пирӣ меронад.
Мо бо бобои Исматулло рӯзи 8-уми май оид ба хизматҳояш дар сафи Артиши бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сӯҳбате оростем. Ҳарчанд бобои Исматулло пиронсол бошанд, ҳам аммо ҳама хотираҳои давраи ҷангро ба мо нақл карданд.
Маро 13-уми марти соли 1943 ба сафи Армияи Советӣ даъват карданд. Ду моҳ то 10-уми июни соли 1493 дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон машқҳои ҳарбӣ гузаронидам, баъдан роҳи Фронтро пеш гирифтам. Дар полки 202-уми Гвардияи Артилерияи сабуки дорои Ордени Александр Невский хизмат намудам. Аллакай моҳи ииюн дар таваққуфгоҳи поезд (стансияи Милирово) ҳангоми сафар ба шаҳри Ростови Россия самолёти немис поезди моро тарконд. Одамоне, ки худро ба тарафи рости поезд партофтанд аксарияташон нобуд гаштанд. Мо худро ба тарафи чапи поезд партофтем ва ҷон ба саломат бурдем. Баъди расидан ба шаҳри Ростов мо ба як ҷангалзор фуромадем. Аз он ҷо шабона то субҳ пиёда ба отрияди ҳарбӣ рафтем,-нақл намуд Исматулло Азимов.
Дар идомаи сӯҳбат иштирокчии ҶБВ Исматулло Азимов иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ як лаҳзаи бисёр мудҳиши ҷанг фаромӯш намешавад. 23-уми августи соли 1943 дар шаҳри Ворошиловгради Россия 40 танки немис ба қисми низомии мо ҳуҷум кард, мо 16 танкро дар майдони ҷанг нобуд кардем. Аз корнамоии мо боқимонда танкҳои немис ақибнишиниро пеш гирифт. Мо дар як гурӯҳи хурди ҳарбӣ (расчёт нақл аз забони қаҳрамон) 7 нафар будем 4-тои мо нобуд гашт мо 3 кас мондем.
Ба нақли Исматулло Азимов баъди аз ғасби немисҳо озод сохтани шаҳрҳои Ростов, Ворошиловград, Донбасс ва Қрим онҳоро аз фронти 4-ум ба фронти 3-юми Белорусия мебаранд. Дертар ин фронт барҳам мехӯрд. Моҳи майи соли 1944 шабона аз дарёи Днепр гузашта шаҳри Днепрро аз муҳосираи душман озод менамоянд. Ҳамин тавр аскарони шуҷои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Беларусия ва Литвияро озод мекунанд. Ин замон моҳи сентябр-октябри соли 1944 фронти 3-юм низ барҳам мехӯрад.
Баъди ин Исматулло Азимов дар ҳайати фронти 1-ми Украина барои озод сохтани Украинаи Ғарбӣ мубориза бурда, онро низ озод мекунад. Баъдан Полшаро низ озод мекунанд. Ҳангоми озод намудани шаҳри Полша Исматулло Азимов бо ҳамдеҳааш Фахриддин Ахмедов вомехӯрад. Ба дидори ҳамдеҳ
Моҳи феврали соли 1945 дар шаҳри яке аз набардҳо сахт захмӣ шудам се моҳ дар госпитали Германия табобат гирифтам. 15 рӯз дар ҳолати мадҳушӣ будам, баъди ба худ омаданам як ҳамшираро дидам, ки аз хурсандӣ гириста ба дигар табибон хабари ба ҳуш омадани маро расонд. Рӯзи ғалабаро низ дар госпитал пешвоз гирифтам, ки ин орзӯи тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. 15-май баъди гуфтушуниди Ҳукумати Советӣ аз Германия ба шаҳри Сочии Россия омадам. Дар Сочи зиёда аз як моҳ табобат гирифтам. Моҳи июли соли аз 1945 Сочӣ ба хона омадам.
Исматулло Азимов ба мо иброз дошт, ки соли 1943-1944 дар шаҳри Дамбасс немисҳо сокинони як қишлоқро ваҳшиёна баҳалокат мерасонанд, ки онҳо 660 нафар буданд. Ҳалакшудагонро ба як ҷой гӯронидаанд. Моро соли 1982 барои вохӯрӣ ба 40-солагии қисми ҳарбӣ ва барои ифтитоҳи музей ба шаҳри Донбасс даъват карданд. Ман ин маконро бо чашмони худ дидам ва беихтиёр ашк рехтам. Ба хотири рӯҳи поки ҳамхизматонам дар сафи Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва беному нишоншудагони ҷанг фотеҳа хондам. Дар ин макон ному насаби ҳама ҳалокшудагонро бо суроғаҳояш ва соли таваллудаш навиштаанд, ки ба як манзараи бисёр ҳам маҳзун табдил ёфтааст.
Барои хизмати содиқона ва софдилонааш Исматулло Азимов бо 15 медалу нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гаштааст. Аз ҷумла бо медали шуҷоат (За отвагу) сарфароз гардидааст. Мавсуф соҳиби 4-писар ва 3-духтар мебошад.
Ҳангоми сӯҳбат бо Исматулло Азимов ногаҳон ба аёдати ин иштирокчии ҶБВ ва табрик ба 74-солагии Рӯзи ғалаба раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо омад. Зариф Мирдадо аз вазъи саломатии Исматулло Азимов пурсон шуд ва барои корнамоиҳояшон дар солҳои ҷанг изҳои миннатдорӣ намуд.
Саодат ИСМОИЛӢ
Фирӯза ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.