Амри Раиси ноҳияи Ашт

 171 боздид

Аз 22 июни соли 2018          №89 ш.Шайдон

Оид ба таъсис додани гурӯҳи корӣ бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ва бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМР МЕДИҲАМ:

  1. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ва протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №2к/39-24 ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта шавад.
  2. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ва таҳия ва амал кардани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
  3. Ба гурӯҳи корӣ супорида шавад, ки ҷиҳати сари вақт, бо сифати баланд таҳия ва татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои дахлдор ва дар ин раванд ба инобат гирифтани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо баён гардидаанд, самтҳои афзалиятноки барнома ва Нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия тадбирҳо андешанд.
  4. Гурӯҳи корӣ якҷоя бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва фаъолони деҳаҳо ҷиҳати таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳия ва ҷамоатҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  5. Гурӯҳи корӣ дар муҳлати 1 моҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод намуда, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар се моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ахбори муфассал пешниҳод карда, иҷрои онро то 1 сентябри соли 2021 таъмин намоянд.
  6. Ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба ташкил ва гузаронидани озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин ҷамоат, кумитаи маҳалла оид ба сохтани майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо ва корҳои созандагию ободонӣ тадбирҳо андешанд.
  7. Назорати иҷрои Амри мазкурро ба зиммаи худ мегирам.

 

Раиси ноҳияи Ашт Зариф МИРДАДО

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *