Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатманди Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва дастгирии мақомоти иҷроияи давлатии ноҳия азнавсозии беморхонаи Ҷамоат ва таҷҳизонидани он бо лавозимотҳои тиббӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Маблағи умумии азнавсозӣ ва таъмини таҷҳизоти тиббӣ 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур дар арафаи таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Боиси қайд аст, ки беморхона барои 75 кат омода карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки беморхонаи мазкур бо сабаби фарсуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштан аз соли 2007 фаъолият намекард ва сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба беморхонаи марказӣ муроҷиат мекарданд, баъди ба истифода дода шудани беморхонаи мазкур мушкилии сокинон пурра ҳалли худро меёбад
