АШТ: ФАЪОЛИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ НАТИҶАГИРӢ ШУД

 1 895 боздид

Имрӯз, 22.07.22 фаъолияти 6 моҳи аввали Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ашт дар соли 2022 мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт. Ҷамъомад таҳти раёсати муовини сардухтури МНДСЭ-и вилоят Маҷнун Оримов ҷараён гирифта, масъулини соҳаҳои дахлдор даъват гардиданд. Дар оғоз Рустам Собиров—сардухтури марказ дар ноҳия вобаста ба бурду бохти соҳа давоми ним соли аввал ба ҳозирин маъулмот дода, қайд намуд:
-“Аз тарафи мутахассисони шуъба дар 6 моҳи сипаришуда 5 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1664 сомонӣ ҷарима гардидааст. Дар ҳамин давра барои ҳифзи солимии мардум аз тарафи кормандони корхонаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар идораю муассисаҳо 89 саг ва дигар ҳайвонҳои бесоҳиб нобуд карда шуд”.
Дар фарҷом аз фаъолияти маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ашт, Маҷнун Оримов изҳори розигӣ намуда, дастур дод, ки дар ҷодаи ҳифзи солимии ҷомеа ва назорати сифати маҳсулотҳои хӯрокворӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шавад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.