23.04.2023
Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди корӣ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир, комиссари харбии вилоят Мирзозода Давлатшо ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раисон ва сардорони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ноҳиявӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имом-хатибон ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд.
Дар оғоз, оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005” ва қарори Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳия “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2023” дар ноҳия мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Дар рафти кори ҷаласа гузориши комиссари харбии ноҳия оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шунида шуд ва баъдан масъалаи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи муовини Раиси вилоят ва роҳбари ноҳия қарор гирифт.
Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон Абдуқодир баромад намуда, вобаста ба устувор намудани ҳисси ватандустиву меҳанпарастӣ ва тарғибу ташвиқи худшиносӣ байни ҷавонон ҳарф зад.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баёни андеша намуд:
“Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша барои пос доштани нангу номуси миллӣ ва марзу буми муқаддас тамоми ҳастии худро нисор карданд.
Ҳоло, ҳар як ҷавони ватандӯст ва меҳанпарастро зарур аст, ки қарзи муқаддаси худро бояд дар назди Ватан иҷро намояд. ”
Дар идома муовини Раиси вилоят дастур дод, ки дар тарғибу ташвиқи шомилшавии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дучанд ба роҳ монда шавад.
Дар фарҷом гуфта шуд, ки бояд барои иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон корбариро ҷоннок намуда, барои иҷрои нақша кӯшиш намоем. Муовини Раиси вилоят ва Раиси ноҳия бобати ин масъала ба масъулин дастури қатъи доданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия