АШТ: Идомаи вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо итихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Понғоз ва Шодоба доир гардид.

 566 боздид

05.09.2023

Имрӯз, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар хусусӣ “Фаъолияти Иҷлосияи чорум, даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлол” ва муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ бо бошандагони Ҷамоати деҳоти Понғоз баргузор гардид.

Дар Ҷамоати деҳоти Понғоз вохӯрӣ дар маҷлисгоҳи МТМУ №36 баргузор гардида, дар он роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тибу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин  бобати “Фаъолияти Иҷлосияи чорум, даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлол” ба таваҷҷӯҳи ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд ва бобати сиёсати оқилонаи роҳбари давлат ҳарф зад.

Маврид ба зикр аст, ки вохӯрӣ дар фазои озод ва самимӣ ҷараён гирифт.

Аз номи сокинон Ҷамшед Шаробидинзода-раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз меҳмононро барои пазироӣ намуда, фикру дархости мардуми Ҷамоатро расонид.

Сипас, вохӯрии навбатӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Шодоба идома ёфта, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ аз номи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба вохӯри ҳусни оғоз бахшида, суханро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин  дод.

Пас аз баромади вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин бо сокинон мулоқоти дуҷониба сурат гирифта, пешниҳоду дархости сокинон ба вакил расонида шуд.

Бояд гуфт, ки чунин вохӯрӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ баргузор карда мешавад.

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.