АШТ: Идомаи вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо итихобкунандагони Ҷамоати шаҳраки Шайдон.

 509 боздид

06.09.2023

Имруз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар хусусӣ “Фаъолияти Иҷлосияи чорум, даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлол” ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо бошандагони Ҷамоати шаҳраки Шайдон доир шуд.

Дар мулоқот бонувони фаъоли ҷамоат, роҳабарони корхонаву ташкилотҳо, омӯзгорон, собиқадорон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар хусуси “Фаъолияти Иҷлосияи чорум, даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлол” ба таваҷҷӯҳи ҳозирин маъулмоти муфассал пешниҳод намуд ва бобати сиёсати одилона, оқилона ва  корҳои ободониву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф зад.

Дар идома, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати  32-юмин солгарди «Истиқлоли давлатӣ» таҳният намуда, хизматҳои беназири роҳбари давлатро дар таҳкими оромиву ободии давлатдории тоҷикон баён кард.

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.