АШТ: Маҷлиси машваратии Роҳбари МИҲД-и ноҳия

 868 боздид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо ташаббуси шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД-и ноҳия бо нафароне, ки дар давлатҳои хориҷа буданд ва бо изҳори пушаймонӣ ба Ватан баргаштаанд, вохӯрӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, полковники милитсия Солизода Абдувоҳид, сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Баҳриддин Сафарзода, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, ҷавонони ба Ватан баргашта, ходимони дин ва пайвандони нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд, иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ зикр дошт, ки тамоюли ғамангезу пурхатаре, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ин гаравидани бархе аз аъзоёни ҷомеаи башарӣ ба ҳаракатҳои тундрав ва моҷароҷӯ мебошад. Дар мубориза бо ин вабои аср ва пешгириву шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, имрӯз зарур омадааст, ки табақаҳои гуногуни ҷомеа бетараф ва дар канор набошанд.

Сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, полковники милитсия Солизода Абдувоҳид зимни баромади худ иброз намуд, ки бо мақсади тақвияти  фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза алйҳи терроризм ва экстремизм, Президенти кишвар аҳамияти махсус зоҳир ва таъкид намуданд, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода буда, барои таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқи, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиди хатарҳои муосир, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.

-Давоми нимсолаи аввали соли 2018 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ашт 6 адад парвандаи ҷиноӣ нисбати 6 нафар шаҳрвандони ноҳия, ки бо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии ифротгаро шомил гашта, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ яъне, Сурия, Афғонистон, Покистон ва Ироқ иштирок намуда истодаанд, бо дастрасии талаботи моддаҳои 187, 401 (иловаи 1) ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ вобаста ба самти ҷустуҷӯи ҷинояткороне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои экстремистӣ- террористӣ, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, фаъолият пурзӯр карда шуда, 7 адад парвандаҳои ҷустуҷӯи нисбати онҳо оғоз шуда, бинобар ихтиёран ҳозир шудани онҳо қатъ карда шуданд.

Баъдан иштирокдорон филми мустанаде, ки аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Ашт ҷиҳати баргардонидани ҷавонони гумроҳ, ки ихтиёран ба Ватан баргаштаанд, намоиш дода шуд.

Прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Сафарзода Баҳриддин дар баромади худ ҷиҳати татбиқ ва эзоҳи моддаҳои 401 (иловаи 1) ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, қайд кард, омӯзиши вазъи ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дар ноҳияи Ашт нишон дод, ки ин ҳолат дар ноҳия ташвишовар боқӣ мондааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи шаҳравандони ноҳияи Ашт, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ шомил шуда, дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ бахусус, дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон иштирок мекунанд, зиёда аз 50 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии шахсоне, ки дар барои ҷиноятҳои террористӣ-экстремистӣ дар кофтуков қарор доранд, ё ин ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, маҳкум карда шудаанд, ё ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда шуд, наздик 80 нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумораи кам нест.

Сипас, ҷавонон ва аъзои оилаи онҳе, ки бо изҳори пушаймонӣ ба Ватан баргаштаанд сухан гуфта, иброз намуданд, ки мо бо хоҳиш ва пушаймонӣ аз кирдори худ ба Ватан баргаштем. Чуноне, ки мебинед, пас аз қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, дар озодӣ ҳастему кору фаъолияти худро идома дода истодаем. Ба ҳамаи онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд гуфтанием, ки ба Ватан баргарданд.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки барои баргардонидани нафарони дар хориҷа буда, ба мақомотҳои дахлдор кӯмак намоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз 74 нафар аз ноҳияи Ашт дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд. Аз инҳо 14 нафар дар самти экстремизм, бо моддаи 307 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, ки айни ҳол дар шаҳрҳои Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷи дур айни ҳол қарор доранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.