Имрӯз, 9 августи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Роҳбари МИҲД-и ноҳия, мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш дар ноҳия ва варзишгарони ҷавон Рӯзи варзишгарон таҷлил карда шуд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар баромади худ бахшида ба Рӯзи варзишгарон иброз дошт, ҳамасола ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 44 ҳазору 175 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. Айни ҳол дар миқёси ноҳия 154 иншоотҳои мухталифи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, тайи солҳои охир аз ҷониби сокинон ва соҳибкорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як қатор иншоотҳои варзишӣ бунёд ва таъмиру тармим шуда, ин иқдом идома ёфта истодааст.
Дар идомаи баромадаш Роҳбари МИҲД-и ноҳия афзӯд, аз 49 мураббиёни дар мактабҳои варзишӣ фаъолиятбаранда 27 нафарашон соҳиби маълумоти олии касбӣ ҳастанду халос. Норасогиҳои лавозимоти варзишӣ дар мактабу толорҳои варзишӣ, ба таври бояду шояд ба роҳ намондани чорабиниҳои варзишӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ба рушди бомароми соҳаи арзиш монеа эҷод менамояд.
Роҳбари МИҲД-и ноҳия ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардонида шуд.