АШТ: МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА

 41 боздид

Субҳи имрӯз санаи 29-уми сентябри соли равон дар дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқнамудаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар мулоқоти Марамбеков М — котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев Муллоалӣ – сармутахассисӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ноҳия — Ҷалилӣ Аниса ва Хушнуд Каримзода — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ширкат варзиданд.
Баромадкунандагон дар рафти мулоқот оиди дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ ва бегонапарастӣ баён шудаанд, суханронӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.