АШТ: РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ХУҶАМБЕРДИЕВ МУЛОҚОТ НАМУД

 354 боздид

27.08.2022

Имрӯз Раиси ноҳия Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳаи Хуҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошоба вобаста ба ободониву созандагӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни баромади хеш Раиси ноҳия ба мардуми солори деҳа муроҷиат намуда гуфт:

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҳама шароити зарурӣ фароҳам овардаанд. Акнун навбати нангу номус фаро расидааст, ки мо бояд маҳали худро ободу зебо намоем. Шукр, ки Ватанамон ором аст ва ҳама дастъовардҳо аз тинҷи аст.»

Соҳибкорони маҳаллӣ Ҳайитматов Абдулло ва Эгамбердиев Абдурашид ба роҳбари ноҳия лоиҳаи таҷдиди ҳайкали Каленин, бинои яхмос бо таври навъи сабук ва ободони дар деҳаи Хуҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошоба муаррифи карда шуд.

Баъдан барои таваҷҷуҳи баланд сокинон баромад намуда, изҳори сипос намуданд.

Раиси ноҳия даъват ба амал овард, ки ҳар як сокини деҳа дар барои ободии ватани азиз Тоҷикистон дар канор набошанд.

Хадамоти матбуоти раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.