АШТ: Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия 3 нафар собиқадорони меҳнатро бо ҷашни мавлудашон табрик намуд.

 267 боздид

Санаи 4 – уми марти соли равон, дар толори Ҷамоати деҳоти Пунук чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни мавлуди 3 нафар собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мамадҷонов Зафар, директори маркази хизматрасонии ичтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Самиев Камол, масъулини Ҷамоати деҳоти Пунук, омӯзгорон, занону ҷавонон, фаъолони Ҷамоат, шогирдон ва пайвандони соҳибҷашнон ширкат варзиданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия аз номи Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат соҳибҷашнонро бо зодрӯзашон ва фарорасии “Рӯзи Модар” табрику муборакбод намуда, Таҳниятнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар назди ҳозирин оид ба ҷалби сокинону ҷавонон ва соҳибкорон ба корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмини саривақтии даъвати ҷавонон ба артиш, бунёди корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори андеша карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулини Ҷамоати деҳоти Пунук, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ низ соҳибҷашнон бо Таҳниятнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.